Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманаӣ ба Алиев гуфт, ки Исроил мехоҳад равобити онҳоро заъиф кунад


Эрон - Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ дар мулоқот бо раиси ҷуҳмури Озарбойҷон Илоҳм Алиев. Теҳрон, 5 марти соли 2017.

Эрон - Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ дар мулоқот бо раиси ҷуҳмури Озарбойҷон Илоҳм Алиев. Теҳрон, 5 марти соли 2017.

Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, Раҳбари олии Эрон ба Илҳом Алиев, раиси ҷуҳмури Озарбойҷон гуфт, ки ба боварӣ Теҳрон Исроил мехоҳад равобити ду кишварро заъиф кунад.

Хоманаӣ гуфт, ки ҳамсояҳо дар ҳифзи равобити ба гуфтаи ӯ дӯстона, бояд аз ҳушёрӣ кор бигиранд.

Ӯ ҳамчунин аз Озарбойҷон барои мавқеаш дар баробари барномаҳои ҳастаии Эрон ситоиш кард, аммо ҷузъиёт надод.

"Дар доираҳои сиёсӣ ва ҷомеаҳо ҳукумати Озарбойҷон ҳамеша дар тарафи Эрон буд ва ин мавзеъгириҳои мусбат ду давлатро бо ҳам наздиктар кардаанд"- навиштааст матбуоти Эрон аз қавли Хоманеӣ.

Эрон дар гузашта аз равобити танготанги Озарбойҷон бо Исроил, ки ба Боку силоҳу лаҳозимоти ҷангӣ мефурӯхт, интиқод мекард.

Теҳрон Исроилро ҳамчун давлат эътироф намекунад.

Илҳом Алиев рӯзи 5 март бо сафари якрӯза ба Эрон омад ва субҳи ҳамон рӯз бо президент Ҳасан Рӯҳонӣ дидору гуфтугӯ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG