Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Путину Назарбоев барои идомаи гуфтугӯҳои Сурия дар Остона


Сурия - Даргирӣ барои бозпас гирифтани шаҳри бостонии Палимира аз дасти гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ". 2 марти соли 2017
Сурия - Даргирӣ барои бозпас гирифтани шаҳри бостонии Палимира аз дасти гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ". 2 марти соли 2017

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо ҳамтои русаш Владимир Путин баргузории даври навбатии гуфтугӯи сулҳи Сурияро дар шаҳри Остона телефонӣ баррасӣ карданд.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд.

Президенти Русия гуфтааст, гуруҳҳои мухолифи низомии Сурия тасмим доранд, то дар заминаи гуфтушуниди ахир, ки зери сарпарастии СММ дар шаҳри Женева баргузор шуд, миёнаҳои моҳи март дар Остона даври навбатии гуфтугӯро баргузор кунанд.

Пештар Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки кишварҳои кафили низоми оташбас дар Сурия муҳлат ва сатҳи гуфтушуниди навбатиро дар Остона баррасӣ доранд.

Мулоқоти ахири намояндагони кишварҳои кафил - Русия, Туркия ва Эрон - бо ҳайатҳои мухолифони мусаллаҳ ва ҳукумати Сурия 16 феврал баргузор шуда буд. Вале бе натиҷа ба поён расид.

XS
SM
MD
LG