Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз Конгресс хост, фаъолияти маъмурияти Обамаро таҳқиқ кунад


Раиси ҷуҳмури ИМА Доналд Трамп ва раиси ҷумҳури собиқ Барак Обама
Раиси ҷуҳмури ИМА Доналд Трамп ва раиси ҷумҳури собиқ Барак Обама

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Конгресс пешниҳод кард, то хабарҳо дар бораи тафтишотеро, ки гӯиё аз тарафи маъмурияти президенти пешин Барак Обама дар давраи интихоботи моҳи ноябри соли 2016 анҷом шудаанд, биомӯзад. Дар ин бора Associated Press иттилоъ додааст.

Сухангӯи Кохи сафед Шон Спайсер дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, Трамп аз Кумитаи иктишофии Конгресс, ки ба таҳқиқи "дахолати Русия" машғул аст, хост, то муайян созад, ки маъмурияти Обама аз доираи салоҳиятҳояш берун рафтааст ё не.

Спайсер афзуд, ки то поёни тафтишот ӯ ва президент Трамп аз шарҳи мавзуъ худдорӣ хоҳанд кард. Пештар Трамп Обамаро ба он айбдор кард, ки гуфтугӯҳои телефонияшро пеш аз интихобот гӯш кардааст.

XS
SM
MD
LG