Пайвандҳои дастрасӣ

Мавсими “Ҳаҷ-2017” дар Тоҷикистон шурӯъ гардид. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои мавсими “Ҳаҷ-2017” роҳбалад меҷӯяд. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, шартҳои озмун аз огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ, доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, ҷисман обутобёфта будан ва дар шароити душвор кор карда тавонистан, донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират, иборат мебошад. Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2017" нафарони синнашон то 60-сола иштирок карда метавонанд. Довталабон бояд то 31 марти соли равон ҳуҷҷатҳояшонро ба Кумитаи оид ба корҳои дин пешниҳод намоянд.

Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом ба шумор меравад ва бар асоси таълимоти исломӣ, барои ҳар фарди мусалмон, ки тавоноии молӣ дошта бошад, давоми умр як бор фарз мебошад. Соли гузашта аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар имкон пайдо карданд, барои адои маносики Ҳаҷҷ ба шаҳрҳои Маккаву Мадинаи Арабистони Саудӣ сафар кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG