Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаракати тозаи нерӯҳои Ироқ барои маҳви ДОИШ


Бо шиддат гирифтани даргириҳо ҳазорон нафар хонаҳояшон дар Мосул монда мегурезанд.

Бо шиддат гирифтани даргириҳо ҳазорон нафар хонаҳояшон дар Мосул монда мегурезанд.

Нерӯҳои Ироқ дар идомаи амалиёт ба зидди гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар шаҳри Мавсил ба чаҳор минтақаи зери назорати ҷангҷӯён ҳамла бурдаанд. Дар натиҷаи ҷангҳо барои озодии Мавсил, ки аз моҳи октябр шурӯъ шуд, то кунун 45 ҳазор нафар беҷо шудаанд.

Фармондеҳии муштараки Ироқ гуфт, ки нерӯҳои пулис ва нерӯҳои зудамал ба шаҳракҳои Ал-Диндон ва Ал-Давоса ҳамла кардаанд. Аз тарафи дигар нерӯҳои зиддитеррористӣ ба маҳаллаҳои Ал-Сумод ва Тал ул Раҳмон ҳуҷум мекунанд.

Як фармондеҳи ироқӣ гуфтааст, ки нерӯҳои давлатӣ ба самти қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар ғарби Мавсил ҳаракат мекунанд, ки ҳоло дар дасти ҷангҷӯён аст. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират рӯзи 5-уми март гуфт, ки дар натиҷаи даргириҳои ахир дар ғарби Мавсил то ҳоло 45 ҳазор хонаҳояшонро тарк кардаанд.

Ҳоло минтақаҳои сераҳолии Мавсил дар дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ қарор доранд. Нерӯҳои ироқӣ минтақаҳои камаҳолӣ ва шарқии Мосулро бо кӯмаки нерӯҳои ҳавоии Амрико аз дасти ҷангҷӯён озод кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG