Пайвандҳои дастрасӣ

Ниҳолшинонии Раҳмону писараш Рустам дар Хатлон


Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ ҳангоми ниҳолшинонӣ дар Хатлон.

Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ ҳангоми ниҳолшинонӣ дар Хатлон.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми март ба вилояти Хатлон бузургтарин вилояти кишоварзӣ сафар карда ва бо лоиҳаи тармиму таҷдиди роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа ошно шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, бо нашри баёнияе хабар дод, ки зимни сафар муҳандисону меъморон ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додаанд, ки дар марҳилаи аввал андаке бештар аз 33 километр ин роҳи муҳим дар кишвар тармим мешавад. Барои таъмири роҳи фарсуда Бонки Осиёии Рушд 96 миллион доллар қарз ва кӯмакҳои бебозгашт ихтисос медиҳад.

Дар ин баёния омадааст, “тибқи нақша дар рафти азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. “ Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро, писараш Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе низ ҳамроҳӣ кардааст ва ҳарду дар хоҷагии фермерии "Асадулло" якҷо ниҳол шинондаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG