Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп фармони бознигаришударо имзо мекунад


Бино ба гузоришҳо, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико қасд дорад, то рӯзи 6-уми март фармони нав дар бораи манъи вуруди шаҳрвандони чанд кишвари мусулмоннишин ба Амрикоро имзо кунад.

Политико ва Cи Эн Эн, ки бо такя ба гуфтаҳои як мақоми ҳукумат гузориш доданд, ки маросими имзо дар вазорати амнияти дохилӣ сурат мегирад. Аммо ба гуфтаи ин мақом мумкин аст, рӯзи имзо тағйир ёбад. Дар фармони аслӣ, ки Доналд Трамп рӯзи 28-уми январ имзо кард, гуфта мешуд, ки вуруди шаҳрвандони 7 кишвари мусулмоннишин ба Амрико барои 90 рӯз манъ шавад, қабули тамоми паноҳандагонро барои 120 рӯз муттавақиф кунанд ва қабули паноҳандагон аз Сурияро барои муддати номуайян ба таъхир андозанд. Ин кишварҳо Эрону Ироқ, Либияву Сомалӣ, Судону Сурия ва Яман буданд.

Вале додгоҳҳои Амрико ин фармонро беэътибор карданд ва Кохи Сафед гуфт, ки Доналд Трамп мехоҳад, фармони бознигаришудаеро имзо кунад. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ҳадафи фармони мазкур роҳ надодани террористон ба Иёлоти Муттаҳида аст. Ҳоло маълум нест, фармони нав аз қаблӣ чӣ гуна фарқ мекунад.

XS
SM
MD
LG