Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Сурия 90 % рустоҳоро аз ДОИШ гирифтаанд


Нерӯҳои Сурия чанде пеш шаҳри Палмираро ҳам гирифтанд.
Нерӯҳои Сурия чанде пеш шаҳри Палмираро ҳам гирифтанд.

Расонаҳои давлатии Сурия мегӯянд, нерӯҳои кишвар бо пешравӣ дар шимол баъзе аз рустоҳоро аз дасти гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ гирифтанд. Телевизиони давлатии Ахбория рӯзи 4-уми март аз қавли манобеи артиши Сурия навишт, нерӯҳои давлатӣ бо пешравии пайваста дар вилояти Ҳалаб, ҷангҷӯёнро аз баъзе рустоҳои дар муҳосира монда рондаанд ва ба самти рӯдхонаи Фурот ҳаракат мекунанд.

Нерӯҳои давлатии Сурия бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Русия аз моҳи январ то кунун 90 дар сади рустоҳоро аз дасти гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ озод кардаанд. Хабаргузории расмии САНА навишт, ки танҳо рӯзи 4-уми март сарбозони давлат 15 русторо озод кардаанд.

Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар қароргоҳаш дар Бритониё мегӯяд, нерӯҳои ҳукумат бо пешравӣ ба истгоҳи обтақсимкунии Хафса дар шаҳри Ҳалаб 13 километр наздик шудаанд. Дар инҷо 47 рӯз аст, мардум ба оби пок дастрасӣ надоранд. Ин созмон рӯзи 4-уми март гуфт, дар зарфи як ҳафтаи гузашта “бештар аз 30 ҳазор нафар ва аксарият занону кӯдакон аз манотиқи даргирӣ гурехтаанд.”

XS
SM
MD
LG