Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии дигари паҳлавони тоҷик дар Амрико


Хушбахт тақрибан як сол аст, ки дар Амрико машқ мекунад.

Хушбахт тақрибан як сол аст, ки дар Амрико машқ мекунад.

Хушбахт Қурбонмамадов, гӯштигири тоҷик дар як мусобиқа дар аёлати Бостони Амрико, тамоми рақибонашро шикаст дода, мақоми аввалро соҳиб шудааст. Рафиқони Хушбахт ва худи ӯ рӯзи 5-уми март ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Хушбахт рӯзи 4-уми март дар мусобиқаи Jimmy Pedro’s Judo Challenge дар ҳамин аёлат дар мусобиқаи дзюдо бо шаш нафар рақобат кард ва ҳамаи онҳоро шикаст доду мақоми аввалро сазовор шуд.

Аз ин пештар Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Garden State Judo Classic", ки 29-уми январ дар иёлати Ню Ҷерсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, ду медали тилло ба даст овард. Вай дар вазни то 66 кило дар ҳамаи панҷ қувваозмоӣ мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин, Хушбахт дар ин мусобиқа дар вазни то 73 кило бар чаҳор рақибаш пирӯзӣ ба даст овард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG