Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайдо шудани ҷасади писари Раҳмони Чол аз соҳили дарё


Сокинони ноҳияи Восеъ ҷасади писари Раҳмони Чол, як узви хонаводаи маъруфи Чоловҳо дар минтақаи Кулобро пайдо кардаанд. Яке аз наздикони Раҳмони Чол рӯзи 5-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Сулаймон Раҳмонзоди 21 -сола гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва як ҳафта пеш аз хона ғайб зад.

Араби Дустмурод, яке аз сокинони деҳаи Нонҷемас ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соатҳои 15:30 ҳангоми ҷамъ овардани санг аз соҳили дарёи Ёқсу ҷасади ҷавонро пайдо кардаанд ва ба милиса хабар додаанд. Ба гуфтаи ӯ, баъди омадани мақомот маълум шуд, ки ҷасад писари гумшудаи Раҳмон Чолов аст.

Қарор аст, имрӯз ӯро дафн кунанд. Раҳмон Чолов бародари Қурбон Чолов, яке аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, соли 2016 бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба зиндон маҳкум шуд. Худаш ду рӯз пештар аз марги писараш дар зиндон даргузаштааст.

XS
SM
MD
LG