Пайвандҳои дастрасӣ

Сешнс тамоси худро бо сафири Русия "хаттӣ шарҳ медиҳад"


Ҷефф Сешнс

Ҷефф Сешнс

Вазорати адлияи Амрико рӯзи 3 март гуфт, ки Ҷефф Сешнс – додситони кулли ин кишвар – тамоси соли гузаштаи худро бо сафири Русия, дар арафаи корзори интихобот, ба таври хаттӣ шарҳ медиҳад. Ба қавли масъулони ин ниҳод, додситони кулл рӯзи 6 март дар Кумитаи додгустарии Сенати Амрико низ ба саволи демократҳо дар бораи дидори ӯ бо Сергей Кисляк, сафири Русия дар Вашингтон, посух хоҳад дод. Ҷефф Сешнс, сенатори пешин аз иёлоти Алабама, рӯзи 2 март гуфт, ӯ ду моҳ қабл аз интихобот бо сафир Кисляк дар дафтари худ ду мулоқот кардааст. Инчунин, моҳи июли соли гузашта дар ҳамоиши миллии ҷумҳурихоҳон бо сафири Русия дидор кардааст, вале мавзӯи сӯҳбаташро ошкор накардааст.

Тавофуқ барои посухгӯии катбии Ҷефф Сешнс пас аз он ба миён омад, ки 9 тан аз демократҳо аз Чак Грейслӣ, раиси кумитаи додгустарӣ даъват карданд, ӯро ба ҷаласа даъват кунад, пеш аз онки дар ин маврид шаҳодати умумӣ бидиҳанд. Грейслӣ ин дархостро рад карда гуфтааст, ки Сешнс алакай худро аз тафтишоти Дафтари таҳқиқоти федеролӣ дар мавриди тамоси миёни мақомоти Русия ва корзори интихоботии Доналд Трамп берун кардааст.

Кумитаи Ҳизби демократ гуфтааст, ҷавобҳои Сешнс дар ҷаласаи охирин “нопурра ва гумроҳкунанда” буда, саволҳои муҳим беҷавоб монданд. Демократҳо дар як нома ба Грейслӣ навиштаанд, “бо дар назардошти ҷиддияти ин мавзӯъ мо бовар надорем, ки ба таври хаттӣ пешниҳод кардан кофӣ бошад, то ёддошти қаблӣ ислоҳ шавад”.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва Кремлин иттиҳоми демократҳоро рад кардаанд. Трамп Сешнсро “марди содиқ” гуфта ва таъкид кардааст, ки ӯ дар вақти ҷавоб додан ба суолҳо метавонист “дақиқтар” бошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG