Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши CIA: Эрон қасд дорад, аз Русия мушаку аслиҳа бихарад


Идораи истихбороти Амрико (CIA) гуфтааст, ки Эрон барои харидани мушакҳои зидди киштӣ ва харидани силоҳҳои дигар бо Русия музокира мекунад. Ин дар ҳолест, ки қарори Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди манъи фурӯхтани аслиҳа ба Эрон соли 2020 ба поён мерасад.

Гузориши дафтари нерӯҳои дарёии Амрико, ки рӯзи 3 март нашр шуд, мегӯяд, қарор аст Эрон киштиҳои ҷангӣ, зериобӣ ва мушакҳои зиддикиштӣ бихарад. Дар ин гузориш омадааст, ба поён расидани мамнӯият ба Эрон иҷоза медиҳад, дунболи ба даст овардани молҳои хориҷӣ, ки барои солҳо дастнорас буд, биравад.

Дар ин гузориш гуфта шудааст, бештари аслиҳаҳо дар Теҳрон сохти Эронанд ва аз ҷиҳати сифат ва кор аз аслиҳаҳои сохти Русия, Чин ва кишварҳои ғарбӣ паст мебошанд.

XS
SM
MD
LG