Пайвандҳои дастрасӣ

Мамадёров дар Русия аз баҳси ҷудоиталабӣ хоҳад гуфт


Элмар Мамадёров

Элмар Мамадёров

Элмар Мамадёров – вазири умури хориҷии Озарбойҷон – рӯзи 6 март бо сафари дурӯза ба Маскав хоҳад рафт. Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон дар эъломияи расмӣ гуфт, ки Мамадёров дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои русаш Сергей Лавров ва муовини раиси Шӯрои Федератсиюн Илёс Умахонов мулоқот мекунад.

Интизор меравад, Мамадёров дар дидор бо Лавров бештар рӯи даргирии нерӯҳои Озарбойҷон бо ҷудоиталабони рӯ ба Арманистон дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ тамаркуз кунад.

Дар натиҷаи ин даргириҳо, рӯзи 25 феврали имсол панҷ сарбози озарӣ ва рӯзи 1 март як ҷангии ҷудоиталаб кушта шудаанд. Ҳарду тараф якдигарро барои хушунат ва нақзи оташбас айбдор мекунанд.

Элмар Мамадёров, инчунин, дар Академияи дипломатии Вазорати умури хориҷии Русия суханронӣ карда ва дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи бахшида ба 25 соли равобити Бокуву Маскав иштирок мекунад. Мария Захарова – сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия – сафари Элмар Мамадёровро ба Маскав расман тасдиқ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG