Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин кумакҳои иборат аз ғизо ва сӯзишворӣ ба Бартанг расиданд


Чархболи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 4 март ба водии Бартанги Бадахшон, ки тайи тақрибан як моҳ боз дар инзиво монда буд, маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ бурдааст.

Шӯҳрат Шоисматов – масъули ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон, рӯзи 4 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин чархбол ҳомили якуним тонна маводи ғизоӣ буд. "Ин мавод аз равғану биринҷ, макарон ва чойи хушк иборат ҳастанд. Маводи сӯзишвории дизелӣ барои таъмини техникаҳост, ки роҳҳоро аз барфу тарма тоза кунанд. Ҳоло ду трактор дар қисмати поёнӣ ва ду трактори дигар дар қисмати болоии роҳи Бартанг-Рӯшон фаъол ҳастанд", - афзуд ӯ.

Нахустин кумакҳо дар ҳоле ба Бартанг расидаанд, ки мақомоти Русия гуфтанд, чархболҳои пойгоҳи 201 ба зудӣ ёриҳоро ба минтақаҳои дигари Бадахшон, аз ҷумла рустоҳои Ванҷ, дастрас хоҳанд кард. Ба қавли онҳо, ин кор бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад.

Ҳафтаи гузашта Русия ба осебдидагони тарма ва барфбориҳои шадид ба маблағи 3 миллион доллар ёрӣ карда ва сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов гуфта буд, сарбозони пойгоҳи 201 барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ ба ҷониби Тоҷикистон ёрӣ мекунанд. Дар пайи тармафароиҳои як моҳи охир дар вилояти Бадахшон, роҳи Душанбе – Хуҷанд ва минтақаи Рашт 21 нафар ҷон бохта, се нафар беному нишон шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG