Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев бахше аз салоҳиятҳояшро ба порлумону ҳукумат медиҳад


Ҷопон - Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баъди суханронӣ дар порлумон дар Токио. Моҳи ноябри соли 2016 .
Ҷопон - Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баъди суханронӣ дар порлумон дар Токио. Моҳи ноябри соли 2016 .

Порлумони Қазоқистон тасвиби ибтидоии тарҳи тағъирот ба Қонуни асосиро аyҷом дод, ки бар пояи он баъза салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ба вазирони ҳукумат ва порлумон мегузарад.

Ин санад эҳтимол ҳафтаи оянда барои хониши дуввум дар ихтиёри қонунгузорон қарор мегирад ва баъдан барои мзо ба президент Назарбоев ироа мешавад. Назарбоев аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунад.

Назарбоеви 76 сола, ягона раҳбари давраи коммунистӣ, ки қудратро дар ин кишвари собиқ Шӯравӣ дар даст дорад, пешниҳоди ворид намудани тағъирот ба Қонуни асосиро бо ҳадафи салоҳият ва масъулиятии бештари вазирони ҳукумат, дар амри рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвари ғанӣ аз нафт матраҳ кард.

У мегӯяд, тағъроти конститутсионӣ порлумонро аз салоҳияти "изҳори нобоварӣ" ба кабинети вазирон бархурдор хоҳад кард.

Тасмими президент шоияҳоеро ба миён овард, ки эҳтимол ҳадафи тағъирот интиқоли қудрат аст.

Тақсими салоҳияти президентӣ кори нухбагони Қазоқистонро дар заминаи ҷойгузинӣ осон мекунад, ки ба ҷойи тамаркузи қудрат дар дасти як нафар, нақшҳои калидиро ба чеҳраҳои мухталиф медиҳанд.

25 январ бо эълони барномаи ворид кардани тағъирот ба Қонуни асосӣ, президент Назарбоев нақши ояндаи худро "довари олӣ" муаррифӣ кард.

XS
SM
MD
LG