Пайвандҳои дастрасӣ

Бехабарии арманиҳои Тоҷикистон аз боздошти ду узви онҳо дар Эрон. САДО


Даромадгоҳи зиндони Эвин дар Теҳрон

Даромадгоҳи зиндони Эвин дар Теҳрон

Ҷамъияти арманитаборҳои Тоҷикистон хабари боздошти эҳтимолии ду узви ин ҷамъиятро дар Эрон феълан тасдиқ намекунад. Хабари 39 рӯз пеш боздошт шудани ҳамсарон Нана Бадарян ва Андрей Вартанян, ки гӯё бо фаъолиятҳои мазҳабӣ машғул будаанд, рӯзи 3 март аз ҷониби Оҷонсии фаъолони ҳуқуқи башар дар Теҳрон пахш шуд. Дар хабар гуфта шудааст, ки ин боздошт охирҳои моҳи январи имсол сурат гирифта, феълан мушаххас нест, ки сабаби боздошт ва иттиҳоми онҳо чист. Вале гӯё Вартанян дар Теҳрон дар калисое фаъолият доштааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, гӯё ҳамсари Вартанян дар зиндони занонаи Эвин нигаҳдорӣ мешавад.

Арманиҳо яке аз умдатарин ақаллиятҳои милливу мазҳабӣ дар Эрон мебошанд, ки оинҳои милливу мазҳабии худро ҳифз кардаанд. Дар Душанбе раҳбари ҷамъияти арманитаборҳои Тоҷикистон Грант Газарян ин хабарро тасдиқ ё рад накард, вале гуфт, ки дурустии ин хабарро бояд аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон суол кард. Вай танҳо гуфт, ки афродеро бо чунин ном дар ҷамъияти арманитаборҳои Тоҷикистон ёд надорад.

Ҳанӯз мақомоти дигари Тоҷикистон ва Эрон дар ин замина изҳори назар накардаанд.

Арманиҳо пайрави дини масеҳӣ буда, дар Тоҷикистон ҳам ҷамъият доранд ва расму оинҳои худ, аз ҷумла фаъолиятҳои мазҳабии худро озодона риоя мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 арманитабор зиндагӣ мекунад ва ба гуфтаи Газарян, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ин кишвар кору фаъолият доранд. Ин ҷамъият соли 2009 расман дар Тоҷикистон сабти ном шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG