Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯби маҳбусон дар яке аз зиндонҳои Русия


Дар яке аз зиндонҳои шаҳри Дмитрови вилояти Уляновски Русия маҳбусон ошӯб бардоштаанд ва дастаҷамъона даст ба худкушӣ заданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд.

Ба навиштаи вебсайти "Уляновские Лица", 20 маҳбуси ин зиндон нимашаби 1 март рагҳои худро буриданд. Расона мегӯяд, ин ҳодиса натиҷаи моҷарое буд, ки чанде боз дар ин зиндон идома дорад.

Сомонаи "Открытая Россия" ба нақл аз қавли наздикони зиндониён гуфт, ки маҳбусон ба нишони эътироз алайҳи поймолшавии ҳуқуқашон гуруснанишинӣ эълон кардаанд. Вале эътирози онҳо саркӯб ва худу зиндониён латту кӯб шуданд.

"Маҳз баъд аз ин ҳодиса наздики 20 маҳбус ба ҷони худ қасд кардаанд. Ба онҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонда шудааст ё не, маълум нест", - навиштааст "Открытая Россия".

Ба гуфтаи наздикони зиндониён, низоъ миёни маъмурияти зиндон ва маҳбусон ҳанӯз тирамоҳи соли 2016 бархоста буд. Он замон кормандони зиндон аз утоқҳо асбобҳои маишӣ ва ашёеро, ки қонунан иҷозат дода шудааст, мусодира карданд

Дар Хадамоти федеролии ислоҳи ҷазои ҷиноии Русия мегӯянд, вазъ дар зиндон ором буда, аз маҳбусон шикояте дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG