Пайвандҳои дастрасӣ

"Ал-Қоида" ҳалокати муовини раҳбарашро тасдиқ кард


Афғонистон - Ҳавопаймои бесарнишини ИМА барои парвоз ба Қандаҳор омода мешавад. 9 марти соли 2016.

Афғонистон - Ҳавопаймои бесарнишини ИМА барои парвоз ба Қандаҳор омода мешавад. 9 марти соли 2016.

Гуруҳи террористии "Ал-Қоида" рӯзи 2 март ҳалокати Аҳмад Ҳасан Абу ал-Ҳайдар ал-Масриро, ки муовини роҳбари гуруҳ дониста мешуд, тасдиқ кард. Дар ин бора Reuters хабар медиҳад.

Як рӯз пеш аз ин, яке аз кормандони хадамоти иктишофии Амрико гуфт, ал-Масри дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии 26 феврал, замоне ки аз шаҳри Идлиби Сурия ба шимолу ғарб ҳаракат дошт, кушта шудааст. Рӯзи душанбе Пентагон тасдиқ кард, ки ин минтақаро бомбаборон карда буд. Аммо ҳадафи ин бомбаборонро зикр накард.

Моҳи январ Пентагон гуфта буд, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ду роҳбари "Ал-Қоида" - Муҳаммад Ҳабиб Буссадун ал-Туниси ва Абдулҷалил Ал-Муслими кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG