Пайвандҳои дастрасӣ

Шуғли сохтаи ҳамсари Франсуа Фийон шарикони ӯро пароканда кард


Фаронса - Узви порлумони Фаронса ва номзад ба мақоми президентӣ Франсуа Фийон. Порис, 27 ноябри соли 2017.

Се узви порлумони Фаронса аз ситоди интихоботии номзад ба мақоми президент Франсуа Фийон хориҷ шуданд. Пеш аз ин, раҳбари маъракаи интихоботии ин номзад ва мушовири ӯ истеъфо доданд. Шарикони сиёсатмадор дар пасманзари тафтиши парвандаи шуғли сохтаи ҳамсари Фийон аз мақомҳои худ канор рафтанд.

Охири моҳи январ маълум шуд, ки ҳамсари Франсуа Фийон, Пенелопа Фийон, бе он ки дар порлумон кор кунад, ҳамчун ёвари депутати порлумон сабт шуда буд ва маош мегирифт. Ҳафтаи равон Фийон тасдиқ кард, ки ба додгоҳ даъват шуд ва эҳтимол ӯро ба сирқат муттаҳам кунанд.

Рӯзи 2 март пулис манзили Фийон дар Порисро кофтукоб кард. Худи Фийон ин амалро "куштори сиёсӣ" унвон кард, аммо аз иштирок дар интихобот даст накашид.

Фийони 62-сола, нахуствазири пешини Фаронса, ки аз тарафи ҳизби Ҷумҳурихоҳ номзад пешбарӣ шудааст, дар оғози сабқат аз номзадҳои дилхоҳ номбар мешуд.

Интихоботи президентии Фаронса аз ду давр иборат буда, рӯзҳои 23 апрел ва 7 май баргузор мешавад. Бар пояи назарсанҷии охири моҳи феврал, ростгарои ашадӣ Марин Ле Пен дар даври аввали интихобот пирӯз мешавад, вале дар даври дувум метавонад сабқатро ба номзади мустақил Эмануел Макрон бой диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG