Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз бетағйир мондани ҳукми Бузургмеҳр


Намояндагии Иттиҳодия Аврупо дар Душанбе бо нашри як изҳорот, қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди бетағйир гузоштани ҳукми 23 соли зиндони вакили дифои маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёровро "ғайришаффоф" гуфтааст. Дар ин изҳороти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи 3 март нашр шуд ва нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, гуфта мешавад, ки ҳукми додгоҳ "нақзи ҳуқуқ"-и Бузургмеҳр Ёров буда ва хилофи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди қонунҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар ин изҳорот, ки бо мувофиқаи раҳбарони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон пахш шудааст, ҳамчунин гуфта мешавад, "таассуфовар аст, ки қатъи назар аз қавлҳои қаблии мақомоти Тоҷикистон ба намояндагони ИА барои мушоҳидаи мурофиаи мазкур иҷозат дода нашуд". Иттиҳодияи Аврупо дар ин изҳорот мақомоти Тоҷикистонро "ба риоя кардани ӯҳдадориҳои кишвар дар ҷодаи таъмини озодиҳои асосӣ ва волоияти қонун" даъват кардааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 феврал ҳукми худ дар нисбати вакили дифои маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёровро бетағйир гузошт. Зарина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров аз қавли вакили дифои ӯ гуфт, ки додгоҳ рӯзи 28 феврал шикояти кассатсионии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баррасӣ кард. Наздикони Бузургмеҳр аз қавли вакили дифои ӯ Наврӯзшоҳ Назаров гуфтанд, ки дар ин мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ Рустам Тақдирзода пешниҳод кардааст, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати маҳкумшудаҳо бетағйир боқӣ бимонад. Ҳамсари Бузургмеҳр Ёров гуфт, аз ҳукми додгоҳ норозӣ ҳастанд ва аз болои он ба додгоҳи назоратӣ шикоят хоҳанд бурд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққати вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин қабл созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, инқарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд. Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ки ҳукми ӯ посух ба ташаббуси таъсиси кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ буда, дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Ҳизби наҳзати исломӣ баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода сентябри соли 2015 мамнӯъ ва 13 узви раёсаташ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG