Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бераводиди гурҷиҳо ба Иттиҳоди Аврупо қонунӣ шуд


Шиносномаи гурҷӣ
Шиносномаи гурҷӣ

Маросими имзои созишнома дар бораи сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо рӯзи 1 март дар порлумони Аврупо баргузор шуд. Созишномаро раиси порлумон Антонио Таяни ва намояндаи Малта - кишвари раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо имзо карданд.

Ин охирин расмияти зарурии лағви раводид барои сафарҳои кӯтоҳи шаҳрвандони Гурҷистон ба қаламрави Шенген буд.

Шаҳрвандони Гурҷистон, ки шиносномаи биометрӣ доранд, метавонанд охири моҳи март барои 90 рӯз ба қаламрави кишварҳои созишномаи Шенген ворид шаванд. Сафари бидуни раводид кори гурҷиҳоро дар ин қаламрав таъмин намекунад. Сафари бидуни раводид механизми бозгашт низ дорад ва он дар сурати афзоиши муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Гурҷистон ба кор медарояд.

XS
SM
MD
LG