Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ҳизби "Ота Макон" Текебоев ба 2 моҳи ҳабс маҳкум шуд.(Видео)


Қирғизистон. Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби "Ота-Макон" дар рӯзи интихобот.
Қирғизистон. Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби "Ота-Макон" дар рӯзи интихобот.

27 феврал додгоҳ раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Ота Макон" Омурбек Текебоевро ба ду моҳи ҳабс дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон маҳкум кард.

Боздошти Текебоев бо гумони даст доштан дар фасод боиси тазоҳуроти тарафдорони ӯ шуд. Вакили порлумон аз ҳизби "Ота Макон" Канибек Имоналиев гуфт, эътирозҳо дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 28 феврал низ идома хоҳанд кард.

Ҳамчунин маҷмӯи порлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) изҳор дошт, ки воқеаро бодиққат дунбол мекунад. Сухангӯи ин ниҳод Нэт Перрӣ гуфт, ки Текебоев узви ин маҷмӯи порлумонист ва "мо бовар дорем, ки мақомоти Қирғизистон волоияти қонунро риоя ва таъмин хоҳанд кард".

Кормандони КДАМ-и Қирғизистон 26 феврал Текебоевро аз зинапояи ҳавопаймо боздошт намуда, ба бозпурсӣ бурданд. Дертар мақомоти тафтишотӣ қарор карданд, ки ӯро барои 48 соат нигоҳ доранд.

Текебоев зимни шикояти соҳибкори рус Леонид Маевский боздошт шуд. Ин соҳибкор мегӯяд, ки соли 2010 ба Текебоев барои кӯмак дар харидории саҳмияҳои ширкати "Мегаком" як миллион доллари ИМА пора додааст.

Эътирозгарони қирғиз раҳоии Омурбек Текебоевро талаб доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

XS
SM
MD
LG