Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири фалокат дар Сангвор аз нақли шоҳидон (ВИДЕО)


Калп дар байни кӯҳҳо воқеъ шудааст ва як хонаводаи бузург онҷо зиндагӣ мекунад.
Калп дар байни кӯҳҳо воқеъ шудааст ва як хонаводаи бузург онҷо зиндагӣ мекунад.

Ба дасти Радиои Озодӣ видеое аз рустои дурдасти Калп дар ноҳияи Сангвор расид, ки фалокат дар як хонаводаи зери тарма монда дар русторо мукаммал нишон медиҳад. Дар ин видео, ки зоҳиран, маъмурони наҷот сабт кардаанд, аъзои хонавода тасвир мекунанд, ки чӣ гуна тарма шаби 18-ум ба 19-уми феврал хонаи онҳоро зери барф кард ва як кӯдаки 11-соларо кушт.

Дар ин видео возеҳ дида мешавад, ки чӣ гуна як хона то бомаш зери барф мондааст ва ду ҳуҷраи хонаи дигаре вайрон шудаанд. Яке аз аъзои ин хонавода, ки зоҳиран бар асари сармо рӯяш варам кардааст, ба маъмурони наҷот шарҳ медиҳад, ки чӣ гуна шаб соати 12 тарма хонаи онҳоро зер кард ва аз хонаи дигар, ки аз тарма эмин монда буд, яке аз хешовандонаш омада онҳоро наҷот дод.

Дар ин видео дида мешавад, ки рустои кӯҳӣ комилан зери барф аст ва чархболе низ дар назди он истодааст. Баъди фалокат соҳибони хона, баъзе аз либосҳояшонро берун овардаанд, вале мошин ва чанд нақлиёташон зери барфи зиёд мондааст. Даҳҳо нафар аз сокинони рустоҳои ҳамсоя ва наҷотбахшон ҳам дар инҷо ҷамъ омадаанд.

Паёмади фалокат дар Калп дар тасвири шоҳидони айнӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ин пеш гуфтанд, ки дар натиҷаи резиши баҳман ва ё тарма дар рустои Калпи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин) манзили зисти хонаводаи Мирзошариф Шайхмуродовҳо зери барф монда ва дар натиҷа Хайриддини Иброҳим, узви 11-солаи хонавода ҳалок шудааст. Ба 17 узви дигари хонавода муяссар шудааст, ки зинда аз зери тарма берун оянд. Баъди ин фалокат, худи Рустам Назаров, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо чархбол ба маҳалли ҳодиса рафтааст ва ба осебдидагон кӯмаки аввалия расондаанд.

Рустои Калп дар 90-километрии маркази Сангвор воқеъ шудааст ва онҷо ба ғайр аз ин хонавода дигар касе зиндагӣ намекунад. Сокинонаш мегӯянд, ҳар зимистон бо бориши зиёди барф, иртиботи онҳо бо минтақаҳои дигар қатъ мешавад ва баъзан барф имкон намедиҳад савори асп ба маркази ноҳия бирасанд. Дар натиҷаи тарма ва барфрезии зиёд дар як моҳи ахир дар саросари Тоҷикистон дасти кам 17 нафар кушта шуданд ва аксарияти онҳо ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ зери тарма мондаанд.

XS
SM
MD
LG