Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Ҷопон ба Русия барои рушди ҷазираҳои ҷанҷолӣ


Ҷазираи Утуруп ва шаҳри хурди Курилск
Ҷазираи Утуруп ва шаҳри хурди Курилск

Бино ба гузоришҳо, Ҷопон омода аст, ба Русия барномаи муштараки рушди иқтисодии силсилаи ҷазираҳоеро пешниҳод кунад, ки ду тараф ба сари онҳо даъво доранд.

Nikkei Asia Review рӯзи 25-уми феврал навишт, Ҷопон ба Русия пешниҳод мекунад, ки ҷазираҳои хурди бодзада дар шимолу шарқи шаҳри Хоккайдоро, бо ҳадафи ҷалби сайёҳони ҷопонӣ маҳаллаи туристӣ эълон кунанд.

Ширкатҳои хусусии сайёҳии ҷопонӣ ва русӣ метавонанд, ба ин ҷазираҳо, ки Русия онҳоро Ҷазираҳои Курили Ҷанубӣ меномад, сафарҳо ташкил кунанд. Ҷопон ин ҷазираҳоро аз они худ медонад ва онҳоро Қаламравҳои шимолӣ меномад.

Муассисаҳои тиббӣ ва донишгоҳҳои Ҳоккайдо метвонанд, ба ин ҷазираҳо аз тариқи интернет хадамот пешниҳод кунанд. Ба навиштаи рӯзнома Ҷопон ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки дар ин ҷазираҳо корхонаҳои муштараки коркарди моҳӣ ба кор андохта шавад.

Дар ҷазираҳое, ки дар ихтиёри Русия аст, тақрибан 20 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Nikkei Asia Review навиштааст, то замони ҳал шудани масоили иқтисодӣ сари масъалаи ҳаққи моликият бар сари ҷазираҳо сӯҳбат намешавад. Даъвои ду кишвар сари чаҳор ҷазира ба даҳсолаҳои пеш бозмегардад.

XS
SM
MD
LG