Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаб Таййиб Эрдуғон то ду ҳафтаи дигар ба Русия хоҳад рафт


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Кремлин тасдиқ кард, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – моҳи оянда аз Маскав боздид хоҳад кард. Ба қавли манбаъ, Эрдуғон дар ҷараёни ин сафараш бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва мақомоти дигар дидору мулоқот мекунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, рӯзи 24 феврал гуфт, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз 9 то 10 март дар Маскав мемонад.

Расонаҳои туркӣ ва русӣ қаблан гузориш дода буданд, ки ин гуфтугӯҳо шомили музокироти хариди эҳтимолии системаи дифои мушакии С-400 аз Русия хоҳад буд. Ҳамчунин, ду тараф эҳтимол дар бораи наҳваи беҳбуди равобит ва пешбурди ҳамкорӣ дар Сурия ва Ироқ ва мубориза бо терроризм сӯҳбат хоҳанд кард.

Русия ҳомии давлати Башор Асад дар Сурия аст ва Туркия аз мухолифони Асад пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG