Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо: Моҳи Рамазон рӯзи 26 май шурӯъ мешавад


Шӯрои уламои Тоҷикистон шурӯи моҳи Рамазони имсоларо рӯзи 26 май тахмин задааст. “Иди Рамазон ба 26 июн ва Иди Қурбон ба 1 сентябр рост меояд”, - гуфта шудааст дар вебсайти расмии Шӯрои уламо.

Аммо раҳбарияти ягона ниҳоди содиркунандаи фатво гуфтаанд, ин ҳисоби тахминӣ буда, “ҳисоби дақиқ бо наздикшавии моҳ ва пас аз қарори аъзои Шӯрои уламо муайян мегардад.”

Дар моҳи Рамазон ба далели рӯзадор будани аксари мардум бахши аъзами тарабхонаҳову ошхонаҳо барои як моҳ кор намекунанд. Вале соли гузашта шаҳрдори собиқи Душанбе аз ҷумла “роҳбарони меҳмонахонаю тарабхонаҳо, марказхои савдою тиҷоратӣ ва сохторҳои хизматрасонии тамоми соҳаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдоштаро муваззаф намуда буд, ки дар моҳи шарифи Рамазон бе тағйири реҷаи кории амалкунанда дар сатҳи баланд фаъолият намоянд”.

XS
SM
MD
LG