Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лижаронҳои тоҷик дар Саппоро пасиҳам ба марра расиданд


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Саппорои Ҷопон ҷараён дорад, рӯзи 22 феврал дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи слаломи бузург ширкат карданд.

Дар ибтидои сабқати лижаронии кӯҳӣ ҳамагӣ 44 варзишгар иштирок дошт, ки аз онҳо 30 нафарашон ба марра расиданд. Дар ин мусобиқа ҳамаи чаҳор лижарони тоҷик – Баракатулло Зокиров, Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов - паси ҳам ба марра расиданд.

Баъди ду даври мусобиқа Баракатулло Зокиров бо натиҷаи 2 дақиқаю 45,95 сония (1:22.11, 1:23.84) мақоми 20-умро касб намуд. Соҳибназари Турсунмурод бо натиҷаи умумии 2 дақиқаю 48,03 сония (1:21.75, 1:26:28) дар мақоми 21-ум қарор гирифт. Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 2 дақиқаю 49,21 сония (1:24.93, 1:24.28) ҷойи 22-юмро ишғол кард. Баҳриддин Ғоибов бо натиҷаи 2 дақиқаю 50,43 сония (1:23.99, 1:26.44) мақоми 23-юмро соҳиб шуд.

Дар сабқати слаломи бузург лижарони Ҷопон Ёҳей Кояма бо натиҷаи умумии 2 дақиқаю 17,51 сония (1:08.00, 1:09.51) ғолиби бозиҳо гардид.

Варзишгарони тоҷик дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом рӯзи 24 феврал рақобат мекунанд.

Дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳирои Ҷопон то рӯзи 26 феврал идома хоҳанд кард, беш аз 1200 варзишгар аз 32 кишвар ширкат доранд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо оид ба 11 намуди варзиш - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек - баргузор мешавад.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 31 медал (12 тилло, 12 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 37 медал (12 тилло, 11 нуқра, 14 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва Чин бо касби 18 медал (6 тилло, 6 нуқра, 6 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор доранд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 12 медал (3 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ) дар зинаи чорум ҷойгир шудааст.

Зимнан, мунтахаби Қазоқистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаи пурнуфузтарин аст. Ба ҳайати он 116 варзишгар шомил аст, ки дар ҳамаи намудҳои ба барномаи бозиҳо шомилбуда ширкат меварзанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Қирғизистон дар ин бозиҳо 32 варзишгар дохил аст, ки дар чор намуд – ҳоккей, лижаронӣ, рақси рӯи ях ва биатлон – рақобат мекунанд. Дар ин бозиҳо аз Туркманистон дастаи ҳоккей ширкат дорад. Узбакистонро дар ин бозиҳо танҳо як варзишгар Миша Ге дар риштаи рақси рӯи ях намояндагӣ мекунад, ки 24 феврал вориди рақобат мешавад.

Бояд тазаккур дод, барои севумин бор аст, ки шаҳри Саппоро мизбони Бозиҳои зимистонаи осиёӣ мешавад. Аз ин пеш солҳои 1986 ва 1990 дар ин ҷо Бозиҳои зимистонаи қитъавӣ баргузор шуда буданд. Дар Саппоро соли 1972 Бозиҳои XI зимистонаи олимпӣ низ доир шудаанд. Саппоро, ҳамчунин мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2002-юм буд.

XS
SM
MD
LG