Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкҳои қонунӣ барои таҳқиқи марги сафири Русия вақт хостанд


Русия - Гулгузорӣ бар пояи акси Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ, дар меҳмонсарои Вазорати умури хориҷии Русия. 21 феврали соли 2017
Русия - Гулгузорӣ бар пояи акси Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ, дар меҳмонсарои Вазорати умури хориҷии Русия. 21 феврали соли 2017

Пизишкҳои қонунӣ дар Ню Йорк, ки колбади намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид Виталий Чуркинро шикофтаанд, ба зарурати таҳқиқи бештари марги ӯ таъкид мекунанд.

Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 21 феврал гузориш дод.

Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, рӯзи 20 феврал дар 64-солагӣ даргузашт. Пизишкҳои қонунӣ дар Ню Йорк гуфтанд, ки ташхиси заҳршиносӣ ва ташхисҳои дигар, ду-се рӯз вақт мегирад.

Рӯзи ба хок супурдани Чуркин ҳоло эълон нашудааст.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп, дар робита ба марги Виталий Чуркин изҳори тасаллият кард ва ӯро "дипломати барҷаста" номид.

Ӯ гуфт, "дар ҳоле ки дипломатҳои амрикоӣ гоҳо ба мавқеи ҳамтоҳои руси худ розӣ намешуданд, сафир Чуркин дар кор бо ИМА, дар ҳалли як қатор мавзӯъҳои калидии марбут ба амнияти умумӣ, нақши муҳим мебозид."

Виталий Чуркин аз соли 2006 ба ин тараф намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид буд.

XS
SM
MD
LG