Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти "Ҳосилот" аз "Дордой" дар Ӯши Қирғизистон


Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё)-2017 аз тими «Дордой»-и Бишкек бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозӣ миёни дастаҳои "Ҳосилот", барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва "Дордой", ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, рӯзи 21 феврал дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюмбоеви шаҳри Ӯши Қирғизистон барпо гардид. Голи ягонаро Алишер Азизов, ҳамлагари “Дордой”, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 55-ум, ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки даҳ дақиқа пеш аз анҷоми нимаи аввали дидор сардовари бозӣ Ванг Ди аз Чин ба ҳимоятгари “Ҳосилот” Содиқ Мӯсо, легионери африқоӣ аз Гана, ки муқобили рақибаш Анатолий Власичев дар мобайни майдон дағалона бозӣ кард, корти сурх нишон дода, ӯроаз бозӣ хориҷ намуд.

Бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми AFC миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Дордой” 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Плей-офф. Бозии аввал

«Дордой» (Қирғизистон) – «Ҳосилот» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Алишер Азизов, 55.

«Дордой»: Валерий Кашуба, Егор Потапов, Тоҳир Авчиев (Бактай Талайбек Уулу, 78), Курсанбек Шератов, Анатолий Власичев (Бекжан Сагинбоев, 46), Ислом Шамшиев, Ғайрат Жиргалбек Уулу, Марат Аҷиниёзов, Азиз Сиддиқов (Мирбек Аҳмадалиев, 68), Алишер Азизов, Авазбек Откеев.

«Ҳосилот»: Рустам Ризоев, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Содиқ Мӯсо, Ойбек Абдуғаффоров, Шодибек Ғаффоров (Хайрулло Азизов, 74), Акуффо Гершон, Абдурасул Раҳмонов, Сайриддин Ғаффоров, Муҳаммадҷони Ҳасан, Агблей Ҷонс (Наврӯз Рустамов, 89).

Огоҳонида шуданд: Азиз Сиддиқов, Авазбек Откеев («Дордой»).

Аз майдон хориҷ шуд: Содиқ Мӯсо («Ҳосилот»), 34.

Сардовар: Ванг Ди (Чин).

21 феврал. Ӯш. Варзишгоҳи ба номи Аҳматбек Суюнбоев. 2500 тамошогар.

XS
SM
MD
LG