Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се корманди IRS-ро дар Айнӣ ба хок супурданд


Се корманди ширкати IRS, ки рӯзи 18 феврал ҳангоми поксозии роҳҳо зери тарма монда ва ҷон дода буданд, имрӯз дар ноҳияи Айнӣ ба хок супурда шуданд. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 20 феврал ба Радио Озодӣ гуфт, ин се нафар Ҷаъфар Ёралиеви 48-сола ронандаи трактори барфтозакуни ширкат ва коргарон Фахриддин Ашурови 45-сола ва Некруз Зуҳурови 28-сола буданд, ки рӯзи 18 феврал дар километри 72-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма монданд. Рӯзи шанбе дар маҷмӯъ 7 корманди ин ширкат дар ин маҳал зери тарма монданд. Як нафари онҳо шоми ҳамон рӯз ва се нафар дигар субҳи 19 феврал аз зери тарма зинда берун оварда шуданд. Аммо се нафари дигар дар зери тарма ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG