Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати президент аз сохторҳои қудратӣ ба омодагии доимӣ бар зидди терроризм


Рӯзи 17 феврал дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар хабари расмии сайти президенти Тоҷикистон гуфта шудааст, ки дар ин ҷаласа ҳисоботи ҳама раҳбарони сохторҳои интизомии ҳукумат, аз ҷумла додситони кулл Юсуф Раҳмон, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовар Шерхон Салимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва дигарон шунида шуд. Ҳар як сохтори масъул дар ин ҷаласа аз рӯи фаъолияташ дар соли 2016 ва нақшаҳои соли 2017 гузориш додааст.

Нигаронии аслии мақомот ба чолишҳои муосир, аз ҷумла афзоиши созмонҳои террористӣ, ифротгароии диниву сиёсӣ ва фаъолияти онҳо баён шудааст. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки “Эмомалӣ Раҳмон барои омодагии доимӣ ва муқовимати шадид дар мубориза бар зидди ҳар гуна амалу ҳодисаҳои номатлуби ҷаҳони муосир масъулони дахлдорро вазифадор намуд”. Президент дар амри пурзӯр кардани қудрати мудофиавии давлат, тақвияти ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо супоришҳо додааст.

Ҷузъиёти бештари ин ҷаласа дар даст нест. Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз афзоиши фаъолиятҳои экстремистиву террористӣ дар солҳои охир ва таҳдиди онҳо ба амнияти кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд. Омори давлатии Тоҷикистон ҳокист, ки дар соли 2016 дар ин кишвар 12 ҳодисаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG