Пайвандҳои дастрасӣ

ВАО: Ким Чен Намро барои пулҳои тағояш ва мероси падараш куштанд


Ким Чен Нам, бардораи хунии раҳбари Кореяи Шимолӣ.

Ким Чен Нам, бародари бузурги Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, эҳтимолан дар заминаи низои атрофи ҳисобҳои пинҳонии тағояш, ки соли 2013 ба қатл расид, кушта шуд. Ба навиштаи матбуоти Кореяи Ҷанубӣ, Ким Чен Нам аз Пхенян амр гирифт, ки якҷо бо пулҳояш ба ватан баргардад. Ба ғайр аз ин, ӯ соҳиби маблағи бузурге буд, ки аз падараш, Ким Чен Ир, раҳбари собиқи Кореяи Шимолӣ ба мерос гирифт.

Ким Чен Намро 14 феврал дар фурӯдгоҳи пойтахти Малайзия заҳролуд карданд. Ба маълумоти нашрияи The Times, кушторро гурӯҳи иборат аз шаш нафар анҷом доданд. Биноба ба хабари нашрияи британиявии The Guardian, Ким Чен Намро аввал хафа карданд ва сипас ба рӯяш рӯмоли олӯда ба заҳри зудамалро партофтанд.

Се гумонбари ин куштор - ду зан бо шиносномаҳои Ветнам ва Индонезия ва як табааи Малайзия боздошт шуданд. Ба маълумоти матбуоти Кореяи Ҷанубӣ эҳтимол кушторро хадамоти махсуси Кореяи Шимолӣ ташкил кардааст.

Ким Чен Нам писари бузурги раҳбари собиқи Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир, солҳои ахир умдатан дар хориҷ ба сар мебурд ва ҳукумати Пхенянро танқид мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG