Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бисту панҷ соли зиндон барои зинда ба гӯр кардани модар (АКС)


Тағоймурод Миров, саҳнаи қатлро дар назди муфаттишон нишон медиҳад
Тағоймурод Миров, саҳнаи қатлро дар назди муфаттишон нишон медиҳад

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб як ҷавони 24-соларо барои зинда ба "гӯр" кардани модараш ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Назирбек Азизӣ, додраси ҳамин додгоҳ, рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тағоймурод Миров, сокини 24-солаи шаҳри Сарбанд, моҳи сентябри соли 2016 пас аз як муноқишаи хонаводагӣ модараш Садафмоҳ Нуроваро бо бел зада ва сипас дар манзили иҷорааш дар ноҳияи Данғара зери хок кард.

​Мурофиаи додгоҳии ҷавон охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва додрас мегӯяд, ки Тағоймурод Миров ба гуноҳаш иқрор кард. Ба гуфтаи додрас Азизӣ, Тағоймурод Мировро бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноӣ ба “одамкушӣ бо бераҳмии махсус” гунаҳкор донистанд. Вай мегӯяд, ҷавони тоҷик аз модараш талаб кардааст, ки дороиҳояш – зару зеварро ба ӯ бидиҳад, вале чун модараш рад кардааст, “ӯ ба сари модар бел бардоштааст.”

Дасту по ва даҳони модарро баста ва ӯро зинда ба гӯр мекунад.

Дар бораи ин ҳодисаи мудҳиш аввал вазорати умури дохилӣ хабар дод ва гуфт, ки аз назди ташноби хонаи як сокини 60-солаи деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара, аз чуқурии тахминан 1 метр ҷасади Садафмо Нурова, сокини 53-солаи деҳаи Қайнарро пайдо карданд. Ба гуфтаи вазорат, дасту по ва даҳони зан баста буд.

Додгоҳ мегӯяд, ки Тағоймурод Миров ба гуноҳаш иқрор шуд.
Додгоҳ мегӯяд, ки Тағоймурод Миров ба гуноҳаш иқрор шуд.

Дар посух ба суоли ҳамсояҳо дар бораи модараш, Тағоймурод Миров мегуфтааст, ки модараш бедарак шудааст. Азбаски бӯи ҷасади модар хона ва атрофи онро фаро мегирад, ҳамсояҳо ба мақомоти милиса муроҷиат мекунанд ва қазия ошкор мешавад.

Наздикони Тағоймурод Миров ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳукми додгош шикоят нахоҳанд кард. Бародари зани кушташуда - Фазлиддин Нуров дар суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ, гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ қонеъ аст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки Тағоймурод Миров дар гузашта барои дуздӣ зиндонӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон қатли модар ба дасти фарзанд ҳодисаи бисёр нодир аст, аммо бархе коршиносон мегӯянд, бо сангин шудани шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳодисаҳои куштор ва ё ҷиноятҳои дигари сангин нисбати азизтарин наздиктон – падару модар ҳам ба қайд гирифта мешавад.

Ба гуфтаи муфаттишони собиқадор, ингуна ҷиноятҳои мудҳиш бо сабаби коста шудани арзиши ахлоқии инсон ва бартарӣ додан ба арзишҳои моддӣ рух медиҳанд. Қатли Садафмоҳ Нурова, аввалин қатли модар ба дасти фарзанд аст, вале дар аввали моҳи январ мақомоти шӯъбаи умури дохили ноҳияи Восеъ як сокини ин ноҳияро бо иттиҳоми зери хок кардани падарандараш Баҳодур Сангов боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG