Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи Доналд Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон


Доналд Трамп

Доналд Трамп

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – дар номае ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки Вашингтону Душанбе ба ҳадафҳои умумӣ, ба мисли суботу амнияти минтақа, содиқ хоҳанд монд. Ин номаи Трамп рӯзи 10 феврал, дар остонаи 25-умин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистону Амрико навишта шудааст. Аммо ӯ дар ин номааш аз 25 соли истиқлоли Тоҷикистон низ гап зада ва гуфтааст, "Иёлоти Муттаҳида соҳибистиқлолӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсояи он, инчунин кӯшишҳои ин кишварро дар пешбурди корҳо баҳри гулгулшукуфӣ ва боз ҳам муттаҳидтар гардондани Осиёи Марказӣ пурра дастгирӣ мекунад." Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон низ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар як номаи дигар ба Доналд Трамп аз ҳамкориҳои Душанбеву Вашингтон тавсиф карда ва Амрикоро "шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ" донистааст. Имсол аз истиқрори равобити дипломатии Амрико бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ 25 сол мегузарад. Дар 25 соли гузашта Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 1 миллиард доллар ёрӣ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG