Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Британия Brexit-ро бе розигии порлумон рад кард


Додгоҳи Олии Британия қарори худро дар робита ба Brexit, ё оғози раванди берун шудани Британия аз Иттиҳоди Аврупо эълон кард. Додгоҳ гуфт, ки ҳукумат наметавонад Brexit-ро бе розигии порлумон шурӯъ кунад.

Қарори Додгоҳи Олӣ рӯзи сешанбеи 24 январ дар Лондон эълон шуд.

Дар қарори додгоҳ омадааст, азбаски рафтан аз Иттиҳоди Аврпуо қонунҳои Британияро дигар мекунад, оғози раванди " Brexit" бояд бо иҷозаи порлумон сурат бигирад, ҳатто агар бахши умдаи иштирокдорони реферундум аз он пуштибонӣ карданд.

Дар раъйпурсие, ки рӯзи 23 июни соли 2016 баргузор шуд, 52 дарсади шаҳрвандони Бритониё хостаанд, ки кишварашон аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад.

Додгоҳи Олии Британия гуфт, ки ин қарор сиёсӣ нест ва танҳо ҷамбаи ҳуқуқӣ дорад.

Нахуствазири Британия Тереза Мэй қаблан гуфта буд, ки кабинети ӯ мехоҳад раванди хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупоро, то охири моҳи март, дар асоси банди 50-и созишномаи Лиссабон оғоз кунад, ҳатто агар Додгоҳи Олӣ қарор кунад, ки барои ин розигии порлумон зарур аст.

Бисёр намояндагони порлумони Британия ба рафтани кишвар аз ИА мухолифат доранд, аммо аксари намояндагони аҳзоби пешсаф мегӯянд, ки ба райъи мардум дар реферундум эҳтиром мегузоранд.

XS
SM
MD
LG