Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рақибони мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё


Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тақвими бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занонаро тасдиқ кард. Мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “А” бо ширкати шаш дастаи мунтахаби занона - Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) ва Тоҷикистон аз 3 то 12 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ғолибони чор гурӯҳи сабқати интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд.

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Сулаймон Бобокалонов нахустин бозиашро 3 апрел муқобили тими Ироқ анҷом медиҳад.

Бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона, ки 21 январ дар Умон баргузор шуд, чор гурӯҳ– се гурӯҳ иборат аз панҷдастаӣ ва як гурӯҳ иборат аз шаш даста – таъсис ёфтанд. Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ ва ИМА рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «В» Кореяи Ҷанубӣ, Узбакистон, Ҳонконг, Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ дохил шуданд. Ба гурӯҳи «С» Тайланд, Тайван, Лубнон, Фаластин ва Гуам, ба гурӯҳи «D» Ветнам, Мянмар, Эрон, Сурия ва Сингапур шомиланд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби занонаи Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати нитихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Урдун ғолиби гурӯҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро мегирад, ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбад.

Ғолибони чор гурӯҳи сабқати интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз Урдун, се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф гаштаанд.

Натоиҷи қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби занона:

Гурӯҳи «А»: Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, ИМА, Тоҷикистон (мизбон).
Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Узбакистон, Ҳонконг, Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ (мизбон).
Гурӯҳи «С»: Тайланд, Таван, Лубнон, Фаластин (мизбон), Гуам.
Гурӯҳи«D»: Ветнам (мизбон), Мянмар, Эрон, Сурия, Сингапур.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «A»
Даври 1-ум
3 апрел (душанбе
)
Ироқ – Тоҷикистон
Баҳрайн – Урдун
Филиппин – ИМА

Даври 2-юм
5 апрел (чоршанбе)

Баҳрайн – Тоҷикистон
Урдун – ИМА
Филиппин – Ироқ

Даври 3-юм
7 апрел (ҷумъа)

Тоҷикистон – Филиппин
ИМА – Баҳрайн
Урдун – Ироқ

Даври 4-ум
10 апрел (душанбе)

Тоҷикистон – Урдун
Ироқ – ИМА
Филиппин – Баҳрайн

Даври 5-ум
12 апрел (чоршанбе)

ИМА – Тоҷикистон
Баҳрайн – Ироқ
Урдун – Филиппин

XS
SM
MD
LG