Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давраи оби бепул" дар Туркманистон ба поён расид?


Туркманистон барои истифодаи об дар соли 2017 маҳдудият ҷорӣ кард. Қарори расмиро дар ин бора Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон 13 январ дар ҷаласаи васеи ҳукуматаш ба имзо расонд. Иқдоми мазкур дар доираи Кодекси оби Туркманистон бо мақсади истифодаи боэҳтиёти захираҳои обӣ гирифта шудааст. Обу газ ва барқ ба рӯйхати имтиёзҳои давлатиии Туркманистон шомиланд, ки аз соли 1990 ба ин сӯ ба сокинон дода мешавад.

Вале тайи ду даҳсолаи ахир сокинони Туркманистон, аз ҷумла пойтахти он бо мушкили норасоии оби тоза рӯбарӯанд. Бештари сокинони манотиқи ин кишвар маҷбур мешаванд, ки дар баробари оби ошомиданӣ барои корҳои кишоварзии худ низ об харанд.

Ҳар як хонавода ба таври алоҳида анбор дошта, обро ба воситаи техникаҳои махсус аз рудхонаҳои наздик меоранд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, як мошин об (5-7 тонн) дар вилояти Балкан 90-100 манат меистад.

Бори нахуст Туркманистон барои истифодаи об соли 2015 маҳдудият ҷорӣ карда буд, ки бар пояи қарори Бердимуҳаммадов, ҳар як сокин дар як рӯз ҳақ дошт, ройгон 250 литр об сарф кунад. Вале ҳаҷми маҳдудияти нав дар иттилоияҳои расмӣ гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG