Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бин Лоден нигарон буд, ки Эрон дар бадани писарони ӯ "чип" васл мекунад


Усома Бин Лоден, раҳбари кушташудаи Ал-Қоида
Усома Бин Лоден, раҳбари кушташудаи Ал-Қоида

Усома Бин Лоден, раҳбари кушташудаи Ал-Қоида дар тӯли солҳои пинҳон буданаш дар Покистон аз ин нигарон буд, ки мақомоти Эрон дар бадани фарзандони ӯ "чип" ё таҷҳизои родиёӣ васл мекунанд. Ин нукта дар санаде омадааст, ки рӯзи 19 январ пахш шуд.

"Агар онҳо ба шумо сӯзандорӯ зананд, ба ин восита метавонанд дар бадани шумо чипи хурдро ҷой кунанд"- навиштааст Бин Лоден дар номае ба писаронаш Утман ва Муҳаммад, ки барои хориҷ шудан аз Эрон иҷоза гирифта буданд. Нома таърихи рӯз надорад ва маълум нест, ки Бин Лоден онро кай навишта буд.

"Андозаи сиринҷ (шприц) метавонам маъмулӣ бошад, аммо андозаи сӯзан интизор меравад аз ҳаҷми маъмулӣ бештар бошад. Ҳаҷми чип мумкин андозаи донаи арзан аст, аммо бисёр нозук ва соф"- навиштааст Усома Бин Лоден.

Ин нома ва санадаҳои дигар баъди амалиёти нерӯҳои махсуси Амрико дар Аббоутобод, хонаи Бин Лоден мусодира шуд. Амалиёт соли 2011 ҷараён гирифт ва бо ҳалокати раҳбари Ал Қоида анҷом ёфт.

Дар ин санадҳо, ки моҳи марти соли гузашта нашр шуданд, Бин Лоден дар номае ба яке аз ҳамсаронаш, ки дар Эрон буд, ҳамин андешаҳои васвосиро баён доштааст.

"Ба ман гуфтанд, ки шумо дар Эрон ба назди духтури дандон рафтед ва аз эҳтимоле, ки ӯ "чип"-ро дар шумо ҷой медиҳад, нигарон будед"- навиштааст Бин Лоден. Бин Лоден гуфтааст, ки мехоҳад аз нигарониҳои ӯ (ҳамсараш) ва пайравони дигараш аз васл шудани чипҳо огоҳ бошад.

XS
SM
MD
LG