Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти “Истиқлол” аз “Интер” дар Туркия


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, ки дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар шаҳри Анталияи Туркия рӯзи 19-уми январ дар аввалин бозии санҷишӣ аз тими «Интер»-и Бокуи Озарбойҷон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, ки дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар шаҳри Анталияи Туркия рӯзи 19-уми январ дар аввалин бозии санҷишӣ аз тими «Интер»-и Бокуи Озарбойҷон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 52-юм капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев боз кард. Вале баъди чор дақиқа Мирҳусейн Саидов, бозигари “Интер”, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи озарбойҷониҳоро дар дақиқаи 77-ум легионери эронии «Интер» Озод Пардис ба самар расонд.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» дар аввалин бозии санҷишиаш дар Туркия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Бозии дувуми санҷишии «Истиқлол» дар Туркия рӯзи душанбеи 23-юми январ бо бошгоҳи «Қайсар»-и Қазоқистон баргузор мешавад.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) – «Интер» (Боку, Озарбойҷон) – 1:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 54 (1:0). Мирҳусейн Саидов, 56 (1:1). Озод Пардис, 77 (1:2).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Дилшод Восиев, Соҳиб Саванкулов, Дэвид Мавутор (Сиёвуш Асроров, 78), Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев (Табрези Давлатмир, 75), Фаридун Шарифов, Ромиш Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Манучеҳр Ҷалилов, Дмитрий Барков.

Огоҳонида шуданд: Дилшод Восиев («Истиқлол»), Адриан Скарлатаке («Интер»).

Сардовар: Владимир Акодис (Украина).

19 январ. Белек (Туркия). Тамрингоҳи маҷмааи варзишии «Кая Палатсо».

XS
SM
MD
LG