Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол аз Русия ба Хатлон 271 тобут овардаанд


Дар як соли ахир аз Русия ба вилояти Хатлон 271 тобути муҳоҷирон оварда шудааст. Дар ин бора рӯзи 17 январ Маҳмудҷон Хоркашов, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, аз шумораи умумии муҳоҷироне, ки тобутҳои онҳо соли 2016 ба Хатлон оварда шуд, 14 нафари онҳо кушта шудаанд. Ба гуфтаи Маҳмудҷон Хоркашев, дар ин миён ҷавононе буданд, ки худкушӣ карда ва 36 нафари онҳо дар садамаҳо ҷон додаанд. Дар ин миён 57 нафар аз беморӣ ва 3 нафар дар обҳо ғарқ шудаанд. Вилояти Хатлон ҳудуди 3 миллион аҳолӣ дорад ва шумораи муҳоҷиронаш дар Русия 242 ҳазору 508 нафарро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG