Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳи шаҳрдорӣ бо раҳбарии Рустами Эмомалӣ ба "қасри президент" мекӯчад


Қасри пешини раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон
Қасри пешини раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ҳайати дастгоҳи шаҳрдории Душанбе ба раҳбарии мири нави пойтахт Рустами Эмомалӣ ба макони нави кор – сохтмони қасри собиқи раёсати ҷумҳурӣ кӯчидааст. Ин манбаъ гуфт, шаҳрдори нав ҳамроҳ бо муовинонаш дар ин сохтмон кор хоҳад кард ва боқии зердастонаш ҳанӯз дар ҳукумати ҳозираи пойтахтанд.

Дастгоҳи президент ҳамроҳ бо тамоми кормандонаш, ки дар гузашта дар қасри президент амал мекард, ба сохтмони нави ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар бинои нави ҳамшафати Вазорати корҳои хориҷӣ кӯчид.

"Аз рӯи маълумоти охир, маҳз дастгоҳи шаҳрдори Душанбе дар қасри собиқи президент ҷой гирифта, ҳанӯз шӯъбаҳои дигари марбут ба шаҳрдорӣ, назири шӯъбаи фарҳангу маорифу тандурустӣ ҷо ба ҷо нашудаанд", - гуфт ин манбаи огоҳ шоми 17 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Ин хабарро манбаи дигар ҳам дар ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, вале таъкид кард, ки ин хабар ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Шоми 17 январ вебсайти ҳафтаномаи "СССР" бо такя ба манбаи худ аз ҳукумати Душанбе хабар дод, ки тамоми ҳайати шаҳрдорӣ ба қисмати рости бинои собиқ дастгоҳи президенти кишвар мекӯчад. "Айни замон тамоми сохтору идораҳои шаҳрдорӣ утоқҳои хешро холӣ намуда, ҳуҷраҳоро банд карда истодаанд", - навишт ин вебсайт.

Далели ҷойивазкунии мақомоти Душанбе шомили нақшаи бозсозии пойтахт будани бинои ҳукумати шаҳр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аст. Ин нақшаҳо бахше аз Генплан ё барномаи азими бозсозии симои шаҳри Душанбе аст, ки давоми солиёни охир мири собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев пиёда мекард. Убайдуллоев бо як фармони президент рӯзи 12 январ аз вазифа озод шуд ва ҷои ӯро дар ин мақом Рустами Эмомалӣ, собиқ раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ва писари калонии президент гирифт. Рустами Эмомалӣ ҳанӯз нагуфтааст, ки оё дар мақоми худ нақшаи бозсозии пойтахтро идома хоҳад дод, ё на.

Маҳмадсаид Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев

Қасри раёсати ҷумҳурӣ дар замони Шӯравӣ "сека" ё макони кори раҳбарияти аввали ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҳамзамон мақомоти ҷумҳурӣ буд. Ин сохтмон солҳои 1940-1946 аз рӯи тарҳи архитектори Шӯравӣ Стефан Анисимов бунёд шуда, яке аз сохтмонҳои зебои он замон ба ҳисоб мерафт.

Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ ин сохтмон Қасри президент ва ҷои кори раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дастгоҳи ӯ шуд. Баъди анҷоми бунёди Қасри миллат дар солҳои 2008-2009 ин кох ба макони кор ва ҳам қабули меҳмонони хориҷиву баландпояи президент ва ҳам макони имзои созишномаҳои муҳими давлатӣ табдил шуд. Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 17 январ гуфт, Қасри миллат солҳои охир макони аслии кору фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон шудааст.

Қасри миллат
Қасри миллат

Қасри миллат бахше аз муҷтамаи азими "Кохи миллат" аст, ки сохтмонаш дар соли 1998 бо гузоштани пайкараи Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, дар маркази шаҳри Душанбе майдони баробар ба 28000 метри мураббаъро фаро мегирад. Он дар ҷойи пешинаи пойгоҳи 201-уми Русия, дар як баландии намоёни пойтахт, дар канори Боғи Рӯдакӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, дар канори Кохи Миллат парчами 165-метрии Тоҷикистон барафрохта шуд. Баъдан сохтмони нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар ҷои бозори "Баракат" сохта шуд, яке дигар аз бахшҳои ин муҷтамаъ гардид.

Зимнан, дастгоҳи президент ҳамроҳ бо тамоми кормандонаш, ки дар гузашта дар қасри президент (секаи собиқ) амал мекард, ба сохтмони нави ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар бинои нави ҳамшафати Вазорати корҳои хориҷӣ кӯчид. Раҳбарии дастгоҳи президентро Озода Раҳмон, духтари калонии президент ба ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG