Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додон мегӯяд, ки Молодова аз шарокат бо ИА фоида надид


Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқот бо президенти Молдова Игор Додон
Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқот бо президенти Молдова Игор Додон

Игор Додон, раиси ҷумҳури Молдова рӯзи 17 январ дар ҷараёни сафар ба Русия ва мулоқот бо Владимир Путин гуфт, ки даст кашидан аз созишномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро аз эҳтимол дур намедонад. Ба гуфтаи Додон, ин кор дар ҳоле имконпазир мешавад, ки агар дар интихоботи оянда Ҳизби сотсиалст курсиҳои бештари порлумонро дарёфт кунад.

"Ман борҳо ба созишномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо мухолифат кардам"- гуфт раҳбари Молдова. Додон гуфт, ки ин созишнома ба Молдова ягон фоида наовард, кишвар бозори Русияро аз даст дод ва содирот ба давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳам коҳиш ёфт.

Молодова созишномаи шарокат бо Иттиҳоди Аврупоро соли 2014 имзо кард. Маскав дар посух ба ин иқдом алайҳи Кишенёв таруфаҳои нави гумрукӣ ҷорӣ кард ва аз бахши умдаи содироти Молдова даст кашид.

XS
SM
MD
LG