Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эркинхон Раҳматуллозода - сафири Тоҷикистон дар Люксембург


Эркинхон Раҳматуллозода
Эркинхон Раҳматуллозода

Эркинхон Раҳматуллозода – сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Белгия ва шоҳигарии Нидерландия – ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург таъин шуд. Дар ин бора рӯзи 17 январ фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир гардид. Раҳматуллозода аз соли 2001 то моҳи январи 2016 дар мақоми ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робитаҳои хориҷӣ кор мекард. ​Вай соли 1953 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, шӯъбаи англисӣ-арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар гузашта ба ҳайси муовин ва муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG