Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» ба Туркия сафар кард


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, барои омодагӣ ба мавсими нави футбол субҳи имрӯз, 17-уми январ, ба Туркия сафар кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, хабар дод. Вай гуфт, ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Анталияи Туркия то рӯзи 31-уми январ идома меёбад. Дар ин ҷо баргузории чор бозии санҷишӣ бо бошгоҳҳои хориҷӣ дар назар аст.”

Футболбозони дастаи "Истиқлол" омодагиро ба мавсими нави футбол, ки барои қаҳрамони Тоҷикистон бо ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 рӯзи 14-уми март оғоз меёбад, таҳти раҳбарии сармураббии нави бошгоҳ Мӯҳсин Муҳаммадиев як моҳ пеш шуруъ карданд.

Дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон, нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Осиёи Марказӣ 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили ғолиби бозиҳои плей-офф анҷом медиҳад.

Дар мавриде ки агар барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Ҳосилот»-и Фархор – ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёбад, онгоҳ Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар Ҷоми AFC-2017 бо “Ҳосилот” рақобат хоҳад кард.

Дастаи «Ҳосилот» ба рақобат аз даври пешакии Ҷоми AFC-2017 шуруъ мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби “Ҳосилот” қаҳрамони Афғонистон – бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» - мебошад. Бозии аввал 31-уми январ ва бозии ҷавобӣ 7-уми феврал дар Душанбе доир мешаванд. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.

Дастаи «Ҳосилот» дар мавриди пирӯзӣ бар «Шоҳин Осмоӣ» дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой» (Қирғизистон) – «Балкан» (Туркманистон) рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал баргузор мешаванд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, мепайвандад.

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

Бошгоҳи футболи “Истиқлол” имсол ҷашни даҳсолагии таъсисёбиашро таҷлил мекунад. Дар ин муддат “Истиқлол” ба чунин дастовардҳо мушарраф шудааст:

Қаҳрамони Тоҷикистон (5 бор): 2010, 2011, 2014, 2015, 2016

Барандаи медалҳои нуқра (1 бор): 2013

Барандаи медалҳои биринҷӣ (1 бор): 2012

Барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (6 бор): 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон (6 бор): 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016

Барандаи Ҷоми Президенти AFC (1 бор): 2012

Барандаи Ҷоми ФФТ (2 бор): 2014, 2015

Финалисти Ҷоми AFC (1 бор): 2015

Қаҳрамони Душанбе (1 бор): 2007

Ғолиби мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон (1 бор): 2008

Барандаи Ҷоми Осоишгоҳи «Баҳористон» (2): 2014, 2015

XS
SM
MD
LG