Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машарипов масъулияти ҳамлаи Истанбулро бар дӯш гирифтааст. ВИДЕО


Абдуқодир Машариgов, гумонбари ҳамлаи хунини шаби 1 январ дар клуби шабонаи Истанбул боздошт шуд
Абдуқодир Машариgов, гумонбари ҳамлаи хунини шаби 1 январ дар клуби шабонаи Истанбул боздошт шуд

Мақомоти Туркия гуфтанд, ки шаҳрванди 34-солаи Узбакистон Абдуқодир Машарипов, маъруф бо лақаби "Абу Муҳаммад Хуросонӣ", даст доштан дар куштори 39 нафар дар клуби Рейнаи Истанбулро эътироф кардааст. Васип Шоҳин, шаҳрдори Истанбул, рӯзи 17 январ гуфт, Абдуқодир Машарипов соли 1983 дар Узбакистон зода шуда ва дар Афғонистон тамрин дидааст. Вай Машариповро "террористи омӯзишдидае" хонд, ки чор забонро медонад. Ба қавли ӯ, ин шаҳрванди Узбакистон моҳи январи соли гузашта ғайриқонунӣ вориди Туркия шудааст.

Соли 2016 Анкара – пойтахти Туркия ва ҳам Истанбул ҳадафи чандин ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд.

Биналӣ Йилдирим – нахуствазири Туркия – ҳам гуфт, дар пайи бозпурсии гумонбари ҳамла ба тарабхонаи Рейнаи Истанбул маълумоти хеле зиёд ба даст омада, вале афзуд, наметавонад ҳамаи онро ифшо кунад. Ӯ изҳори умед кард, ки ба зудӣ одамони паси ин ҳамла низ маълум хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, мақомоти интизомӣ ва қудратии кишварашро барои боздошти гумонбари ҳамлаи хунини шаби Соли нав табрик гуфтааст.

Навори видеоӣ инҷост:

Абдуқодир Машарипов масъулияти ҳамлаи Истанбулро бар ӯҳда гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Дар ҳамин ҳол, Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳоло қазоват кардан дар бораи инки Абдуқодир Машарипов дар Афғонистон тамрин дидааст, хеле барвақт аст. Вай афзуд, "шабакаҳои террористӣ дар берун аз хоки Афғонистон аст. Чун мо ба гунаи ҷиддӣ бо террористҳо мубориза кардем ва талоши ҳамшагии мо ин буд, ки террористҳо маркази омӯзишӣ ва амн надошта бошанд, аммо бо таассуф марокизи амну омӯзишии Толибон ва гурӯҳҳои дигари террористӣ дар хоки Покистон аст."

Рӯзномаи туркии "Ҳуррият" навишт, ҳамсар ва духтари яксолаи шахси гумонбар дар ҳамлаи Истанбул, рӯзи 12 январ аз сӯи пулиси Истанбул боздошт шуда буданд.

Шаби 16 ба 17 январ мақомоти Туркия дар бораи боздошти ин нафари муттаҳам дар ҳамла ба тарабхонаи Истанбул гузориш доданд. Расонаҳои Туркия гуфтанд, мақомоти пулис Абдуқодир Машариповро дар хонаи як дӯсташ - шаҳрванди Қирғизистон - боздошт кардааст. Ба гуфтаи мақомоти пулис, шахси гумонбар дар ҳамларо ҳамроҳ бо писари 4-солааш дар ин хона пайдо карданд. Гуфта мешавад, соҳиби ин хона ва се зан ҳам дар миёни боздоштшудагон ҳастанд.

Васип Шоҳин, шаҳрдори Истанбул
Васип Шоҳин, шаҳрдори Истанбул

Рӯзномаи туркии "Ҳуррият" навишт, ҳамсар ва духтари яксолаи шахси гумонбар дар ҳамлаи Истанбул, рӯзи 12 январ аз сӯи пулиси Истанбул боздошт шуда буданд. Шабакаи телевизизонии NTV мегӯяд, пулис аз 4-5 рӯз пеш ҷойи пинҳоншудаи шахси гумонбарро ошкор карда буд, вале барои зери назар гирифтани ӯ ва кашфи робитаҳои эҳтимолиаш, амалиёти боздошти ин шахсро ба таъхир андохта буд.

Аз ин пеш, мақомоти пулиси Истанбул хабар доданд, ки ин шаҳрванди Узбакистон барои анҷоми ҳамла ба клуби Reina 150 ҳазор доллар гирифта, вале ба далели амалиёти густурдаи ниҳодҳои интизомӣ худаш ва ин миқдор пулро натавонистааст аз Истанбул берун бикашад.

Пуле, ки мақомоти пулис мегӯянд, барои анҷоми ҳамла дар Истанбул пардохта шудааст
Пуле, ки мақомоти пулис мегӯянд, барои анҷоми ҳамла дар Истанбул пардохта шудааст

Дар пайи ҳамла ба клуби Reina-и Истанбул, ки шаби 1 январ, яъне баъд аз чанд лаҳзаи фаро расидани соли нави 2017 иттифоқ афтода буд, 39 нафар кушта ва беш аз 70 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Туркия гуфтанд, нафари ҳамлагар бо либоси Бобои Барфӣ ва бо як автомати милаш дароз вориди клуб шуда, ба сӯи аз 500 то 700 иштирокдори базм 180 тир холӣ кардааст, ки саргарми таҷлил аз иди Соли Нав буданд. Баъзе нафарон дар ғояти тарс ба хотири наҷоти ҷони худ аз болои пул ба обҳои Босфор ҷаҳидаанд.

Гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» иддао карда буд, ки ин ҳамлаи шаби Соли Навро «як сарбози хилофат» анҷом додааст. Дар ин ҳамла як шаҳрванди Русия, Арабистони Саудӣ, Белгия, Либия, як араби исроилӣ, ду ҳиндӣ, сенафарӣ аз Урдун, Ироқ, Лубнон ва боқимонда аз Туркия кушта шуданд.

​Пулиси Туркия дар аввали тафтиши қазия гуфт, ин ҳамла аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон ё Узбакистон содир шудааст. Ба дунбол, баъзе расонаҳои Туркия бо нашри шиносномаи Яҳё Машрапов, шаҳрванди Қирғизистон, ӯро гумонбари ҳамла номиданд. Вале мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баъд аз бозпурсии Яҳё Машрапов гуфтанд, ки ӯ дар ин ҳамла даст надорад ва худи Яҳё Машрапов низ аз расонаҳо тақозо кард, ки барои чунин рафторашон маъзаратхоҳӣ кунанд.

Ин ҳодисаро раҳбарони ҷомеаи ҷаҳонӣ шадидан маҳкум карданд. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Моғеринӣ гуфт, ки “тамоми андешаҳои мо дар бораи қурбониҳо ва ҳам азизони онҳо аст. Мо ба хотири пешгирӣ аз такрори чунин фоҷиаҳо корро идома хоҳем дод.” Кохи Сафед бо пахши изҳороте ин ҳодисаро “як ҳамлаи ваҳшатбори террористӣ” хонд.

Соли 2016 Анкара – пойтахти Туркия ва ҳам Истанбул ҳадафи чандин ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар пайи ҳамлаҳои маргбор ба даромадгоҳи фурудгоҳи Отатурки Истанбул, ки аз ҷониби се нафар анҷом шуда буд, 45 нафар, аз ҷумла 19 хориҷӣ, ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти пулиси Туркия гуфтанд, ки ин ҳодиса - кори дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва сокинони Русия ва Осиёи Марказӣ мебошад. Вале тахминҳои аввалияи мақомот дар бораи ин ки эҳтимол яке аз ҳамлагарон шаҳрванди Тоҷикистон буд, баъдан тасдиқ нашуд. Рӯзи 10 декабр дар натиҷаи як ҳамла ба варзишгоҳи Истанбул 44 нафар кушта ва 149 нафар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG