Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатманди Хол: Марги бародарам маро аз пой афтонд. САДО


Давлатманди Хол
Давлатманди Хол

Давлатманди Хол (Давлатманд Холов) – фалаксарои маъруфи 66-солаи тоҷик – гуфт, ки чор рӯз боз дар яке аз бемористонҳои Душанбе ба сар мебарад ва ҳоло вазъи саломаташ рӯ ба беҳбуд овардааст. Вай шоми 15 январ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта пеш бародари хурдиашро аз даст дод ва зоҳиран андӯҳи гум кардани фарзанди падар барояш гарон афтодааст. "Бист рӯз ҳамроҳаш дар бемористон будам. Бародарам хеле ҷавон даргузашт. Дар пайи ҳамон хеле ғамгин шудам ва вазъи саломатиам якбора ноҷӯр гардид", - афзуд ӯ.

Давлатманди Хол мегӯяд, чор рӯз боз дар бемористон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00
Линки мустақим

Раҳбари ансамбли давлатии "Фалак" мегӯяд, тамоми бемориаш аз фишори баланди хун оғоз гирифт ва рӯзи 11 январ ӯро аз пой афтонд. "Қариб микро инсулт шуда будам. Як тарафам тақрибан аз кор монда буд, суст шуда буд. Ҳоло вазъам беҳтар мешавад. Табибон хуб парасторӣ карданд ва бояд ба зудӣ аз бистари беморӣ бархезам", - гуфт Давлатманди Хол.

Давлатманди Хол
Давлатманди Хол

Ин ҳунарманди маъруфи тоҷик эҳтимоли барои табобат ба хориҷа рафтанашро сарфи назар накард ва гуфт, ки дар сурати зарурат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиат хоҳад намуд. Ӯ афзуд, "мақомот барои табобати ман ҳамеша омода ҳастанд ва умед дорам, чизеро дареғ нахоҳанд дошт."

Рӯзи 15 январ бархе аз корбарони шабакаи Фейсбук аз бистарӣ шудани Давлатманди Хол хабар дода, баъзе афрод маризии ӯро сактаи қалбӣ ё сактаи мағзӣ унвон карданд. Наздикони Давлатманди Хол ҳам рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба бемористон интиқол ёфтани ӯро тасдиқ карда, аммо гуфта буданд, “вазъаш беҳтар шудааст”.

Давлатманди Хол соли 1950 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод)-и вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Худи ӯ мегӯяд, маҳз ҳунарманд будани падару бародараш боис шудааст, то роҳи ҳунарро пеша кунад ва жанри фалакро дубора эҳё намояд. Нахустин оҳанги худро Давлатманди Хол соли 1963, дар синни 13, ва дар сӯгвории падараш хондааст. Матни бештари сурудҳои ӯ аз ашъори Мавлонои Балхист.

Раҳбари ансамбли давлатии «Фалак» дар тӯли бештар аз 20 сол ба чандин кишвари дунё барои муаррифии жанри фалак рафта, соҳиби чандин ҷоиза шудааст. Дар Эрон ӯро бо номи «Оқои дур машав» мешиносанд ва чанд сол қабл президенти собиқи Фаронса Жак Ширак барояш нишони тилоии кишварашро ҳадя карда буд.

XS
SM
MD
LG