Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дур аз диёру хешу табор. Файзулло Шарифиён дар Вена даргузашт. САДО


Файзулло Шарифиён
Файзулло Шарифиён

Файзулло Шарифиён (Файзулло Шарипов), аз овозхонҳои маъруфи тоҷик, дар 76-солагӣ дар шаҳри Вена – пойтахти Австрия – даргузашт. Икромиддин, писари Файзулло Шарифиён, рӯзи 14 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш солҳои охир аз бемории қанду саратон ранҷ мекашид. "Вақте дуним сол пештар ташхис кардем, пизишкон гуфтанд, ки дар вуҷудаш саратон дорад, аммо ҳанӯз реша надавондааст. Чанд бор хостем, табобаташ кунем, ризоят намедод. Билохира, вақте ҷарроҳӣ карданд, аллакай дер шуда буд", - афзуд ӯ.

Таронаи "Чӣ зебост, Худоё"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00
Линки мустақим

Маросими ба хоксупории Файзулло Шарифиён рӯзи якшанбе дар пойтахти Австрия баргузор мешавад. Икромиддин гуфт, "аҳли хонавода ба натиҷае расиданд, ки ӯро дар Вена бигӯронем. Чун ҳамаи фарзандон ҳамин ҷо ҳастанд ва мехоҳем, ӯ ба мо наздиктар бошад."

Падарам ягон лаҳза аз ёди ватан ҷудо набуд.
Икромиддин

Файзулло Шарифиён, ки бо таронаҳои "Чӣ зебост, Худоё", "Ғарибӣ", "Ҳама рафтанд", “Сад дареғ аз мардумони дар ба дар” маъруф буд, соли 1995, дар авҷи даргириҳои дохилӣ Тоҷикистонро тарк карда ва дар Вена ҳамроҳи хонаводааш ба сар мебурд. Икромиддин мегӯяд, падараш расман дар ҷое фаъолият надошт, вале бештари вақт барои муҳоҷирони эрониву афғон ва яҳудиёни бухороӣ барномаҳо иҷро мекард.

Ӯ афзуд, Файзулло Шарифиён дар ғурбат ҳамеша бо ёди ватан мезист ва баъди ба даст овардани шаҳрвандии Австрия чанд бор ҳамроҳи ҳамсараш ба Тоҷикистон рафтааст. "Падарам ягон лаҳза аз ёди ватан ҷудо набуд. Чунки дар онҷо хешу табор, ёру дӯстони наздик дошт. Аз ҳамаи ин дил кандан барояш осон набуд. Аммо худатон медонед, вақте ҷанг сар шуд, ҳама ба ҳар тараф рафтанд ва мо ҳам ба инҷо омадем", - гуфт Икромиддин.

Файзулло Шарифиён моҳи феврали соли 1941 дар Тоҷикистон ба дунё омада, корро ба ҳайси овозхон дар Филармонияи давлатӣ сар кардааст. Вай соҳиби панҷ фарзанд ва 20 набераву чор абера буд.

XS
SM
MD
LG