Буддоиҳо ва миллиардер: баҳсро кӣ мебарад?

Буддоиҳо ва миллиардер: баҳсро кӣ мебарад?

Муаллифи акс ва матн Амос Чаппл

Мантро хонед

Дар кӯҳҳои минтақаи Урал гурӯҳи хурди буддоиҳо ба сар мебарад, ки раҳбарии онҳоро як собиқадори ҷанги Афғонистон ба ӯҳда дорад. Ин мард давоми 21 соли охир роҳибхонаеро дар як минтақаи кӯҳие бунёд кардааст, ки ҳоло дар маркази баҳсҳои молӣ бо як сарватманди маҳаллӣ қарор гирифт. Олигархи бонуфузи русе даъво дорад, ки замини ин ибодатгоҳ моли ширкати ӯст ва баъди баҳсҳои тӯлонӣ таърихи мушаххаси тахриби ин ибодатгоҳ ҳам муқаррар шудааст. Аксбардори радиои Озодӣ Амос Чаппл аз дохилу беруни ибодатгоҳ дидан кард.

Барои расидан ба қуллаи кӯҳи Кочконор, ки дар баландии 888 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, бояд 7 километр роҳи ҷангал тай шавад. Ин чанаи сагони сайёр ҳам ба ҳамон самт ҳаракат мекунад.

Навиштаҷоте дар рӯи санг ба забони санскрит наздик будани маҳалли роҳибхонаро ишора мекунад. Боришоти зиёди барф роҳ боз ҳам душвор мешавад

Буддоиҳо маъмулан ба ду гунбаз ё мақбараи воқеъ дар ибодатгоҳ эҳтиром мегузоранд. Гумбази аввали Буддо, ки дар сари роҳ истода аз чӯб сохта шудааст, дар гузашта як ошхонаву ҳаммом буд. Роҳибхона ба забони тибетии “Шад Тчуп Линг», яъне «макони омӯзишу амал» номгузорӣ шудааст.

Михаил Санникови 55-сола собиқ сарбози шӯравӣ баъди ҷанги Афғонистон дар соли 1995 ин роҳибхонаро таъсис дод. Ҳоло худро Лама Докшит муаррифӣ мекунад. Артиши шӯравӣ солҳои 1979-89 Афғонистонро ишғол кард ва Санников ҳам як фармондеҳи артиш буд, ки, ба гуфтааш, соли 1987 баъди ин ҷангҳо, бо ҷароҳатҳои ҷиддии равониву ҷисмонӣ баргашт. Вай мегӯяд, хушунатҳои он ҷанг давоми солҳои дароз зеҳну вуҷуди ӯро азият кардааст. Вай мегӯяд, имрӯз ҳам гоҳо ба ҳангоми тамошои филме бо саҳнаи ҷанг беихтиёр ба ҳисоб кардани тирҳои аз силоҳ холишуда мепардозад.

Санников (дар миёна) ба ҳангоми ибодат (акс аз бойгонии худи Санников)

Бойгонии Михаил Санников

Баъди тарки артиш, Санников соли 1989 ба минтақаи Бурятия рафт ва давоми шаш сол дини буддоиро омӯхт. Он замон, ба гуфтаи ӯ, пайравони ин дин бештар дар шарқи Русия зиндагӣ мекарданд. “Ба назари ман ин чиз аҷиб намуд, чунки, ба назари ман, одамҳои хуб дар Русияи марказӣ ҳам зиндагӣ мекунанд”. Устоди ман гуфт, ки ин тавр бошад, бояд он ҷо биравам. Санников гуфт, вақте устодаш шаклу намуди кӯҳро кашид, ӯ дигар ба рисолати худ эътимод кард.

Вале он чи ки аз назари Санников комилан дур монд, ин буд, ки дар қаъри кӯҳ захираҳои ғании филизот будааст.

Оғози сохтмони роҳибхона дар оғози солҳои 2000-ум (акс аз бойгонии худи Санников)

Бойгонии Михаил Санников

Маҳалли зиндагии роҳибон. Муҷассамаи Буддо тобистони соли 2016 бунёд шуд. Алорағми таҳдидҳои тахриби роҳибхона, буддоиҳои маҳаллӣ корҳои сохтмониро идома медиҳанд. Санников умед дорад, ки билохира дар ин макон мактаби нави буддоӣ ҳам арзи ҳастӣ мекунад.

Роҳибхона 8 коргари доимӣ дорад ва мардуми дигар пайваста рафтуомад мекунанд. Санников гуфт, агар одами хуб буд, барояш иҷозат дода мешавад, ки ҳамроҳ бо онҳо зиндагӣ кунад. Қоидаи зиндагӣ дар рӯи санг навишта шудааст: истеъмоли машрубот ва маводи мухаддир манъ аст, ибодат аз 7 то 8 субҳ аст соати корӣ 5 соат муқаррар шудааст.

Болеслав Вавилов барои ибодатгоҳ ҳезум ҷамъоварӣ мекунад. Ин марди 27-сола гоҳо аз кораш ба ҳайси табиби маҳсгар таътил гирифта, барои будубоши тӯлонӣ ба ин ҷо меояд.

Вавилов мегӯяд, “кори калисо дар Русия ба як тиҷорат табдил шудааст”. Аз ин рӯ, бисёр ҷавонҳо дар ин кишвар роҳҳои дигар расидан ба худоро ҷустуҷӯ мекунанд.

Ин саг тасодуфан дар рӯзҳои сафари ман ба ибодатгоҳ пайдо шуд. Дар рӯи ҳавлӣ хоб мекард ва билохира барояш як сарпаноҳ ҳам сохтанд.

Юлия Гашева яке аз се зан аст, ки дар ин роҳибхона зиндагӣ мекунад. Ин зани 30-сола дар даромадгоҳи меҳмонхона кору зиндагӣ карда гоҳо дар давоми рӯзи кории 16-соатааш инчунин бо шустушӯву таҳияи ғизо ҳам машғул мешавад.

Гашева ба ҳангоми ибодат. Ӯ мегӯяд, чунин муҳити орому зеборо дар ҳеҷ ҷои дунё намеёбад.

Вале оромиши ин муҳитро ҳамакнун садоҳои баланди кори корҳои саноатии ширкати “Евраз” халалдор мекунад. Дар ин ҷо бо истихроҷи оҳан ва ванадий машғуланд, ки барои тақвияти пӯлод ба кор меравад.

Яке аз моликдорони ширкати “Евраз” олигарх Роман Абрамович аст, ки бо президент Владимир Путин робитаҳои наздик дорад. Дар ин ширкат дар тамоми минтақа тахминан 6000 нафар кор мекунанд. “Евраз” гуфтааст, ки замини зери роҳибхона канданиҳои зиёд дорад, аз ин хотир бояд ба ихтиёри ширкат гузарад.

Карлос Коэлйо, РАО/РО

Дар як посухи имейлӣ ба радиои Озодӣ масъулини ширкати “Евраз” гуфтанд, ки “иншооти воқеъ дар кӯҳи Кочконор моликияти марбут ба кони Собственно-Кочконорское аст. Аз рӯи қонунҳои сохтмони Русия, ба хотири амнияти мардум, бунёди ҳама гуна иншоот, аз ҷумла сохтмонҳои зист дар ин макон манъ аст. Масъулият ба дӯши мақомоти давлатӣ мебошад”. Акс аз сомонаи “Евраз”

Акси Evra

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки рӯзи 1 марти соли 2017 ин роҳибхона нобуд мешавад ва муҷассамаи Буддо ҳам бояд ҷояшро ба манфиатҳои тиҷоратӣ бидиҳад.

“Евраз” гуфтааст, ки барои интиқоли роҳибхона ба макони нав омода аст, вале буддоиҳо ин маконро муқаддас меноманд. Онҳо мегӯянд, “масъала танҳо дар ҷойивазкунии ҳайкал нест”.

Санников то имрӯз ҳама тақозоҳои мақомот барои кӯчонидани макони роҳибхона ва ду мавриди ҷаримабандиро нодида гирифтааст. Назари ҷомеа ҳам ба ин масъала яксон нест. Муроҷиати ҳазорҳо нафар, аз ҷумла овозхони маъруф Борис Гребеншиков ба мақомот барои ҳифзи роҳибхона бенатиҷа анҷомид. Бархе мегӯянд, муҷассамаи Буддо барои ояндаи ин макон зарур аст. Вале Людмила Лаптева, сардабири як нашрияи маҳаллӣ мегӯяд, “Ин шаҳр махсус ба хотири истихроҷи маъдан сохта шудааст. Агар “Евраз” ба кори худ идома дода натавонад, пас худи шаҳр ҳам аз байн меравад”.