Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаримаи 10 имом-хатиб дар Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Додситони шаҳри Кӯлоб 10 имом-хатиби масҷидҳои ин шаҳрро барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ва зидди сӯхтор, ҷарима кардааст. Раҳмоналӣ Имомзода, додситони шаҳри Кӯлоб рӯзи 11 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин имом-хатибон аз масҷидҳои деҳаҳои Файзободи Боло, Навобод, Куҳнашаҳр, Корези боло, Бешкаппа ва Анваробод буда, барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ва зидди сӯхтор муҷозот шудаанд. Ҷаноби Имомзода афзуд, ки баъди ҷарима шудани 10 имомхатиб, назорат болои дигар масоҷид тақвият ёфтааст.

Додситони шаҳри Кӯлоб гуфт, ки дар ин шаҳр 72 масҷиди расмӣ фаъолият дошта ва ба ҷои 54 масҷиди ба гуфтаи ӯ "ғайрирасмӣ", варзишгоҳ, хонаи истиқоматӣ, утоқи кории нозири минтақавӣ, боғчаи бачагона ва бунгоҳи тиббӣ, таъсис ёфтааст.

Ҷарима шудани 10 имом-хатиби масоҷиди шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки додгоҳи минтақаи Кӯлоб моҳи сентябри соли 2016 Зоир Қурбонов, муовини имомхатиби масҷиди "Шоҳ"-и ҷамоати Гулшанро барои пахши наворҳои нишастҳои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар хориҷ, ба мудати ҳафт сол равонаи зиндон кардааст.

XS
SM
MD
LG