Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарду бозии “Ҳосилот” бо “Шоҳин Осмоӣ” дар Душанбе мегузарад


Лаҳзае аз бозии "Ҳосилот" бо "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ

Лаҳзае аз бозии "Ҳосилот" бо "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ

Ҳарду бозии марҳилаи пешакии Ҷоми AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот” – барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ” – қаҳрамони Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.

Агар дастаи «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Федеросиюни футболи Афғонистон, ки ба иллати далоили амниятӣ бозиҳои байнулмилалиро дар кишвари худ доир карда наметавонад, Варзишгоҳи марказии Душанберо ба сифати майдони хонагиаш ҷиҳати баргузории бозии Ҷоми AFC барои бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» интихоб кардааст.

Бозии аввали марҳилаи пешакии Ҷоми АFC-2017 миёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Шоҳин Осмоӣ» 31-уми январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, ки бошгоҳи Афғонистон майдондор аст. Бозии ҷавобии ин дастаҳо дар ин варзишгоҳ 7-уми феврал сурат мегирад, ки мизбон бошгоҳи “Ҳосилот” мебошад.

Бозии ҷавобии марҳилаи интихобии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Шоҳин Осмоӣ”-ро ҳакамон аз Эрон доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Моуд Бунёдифарди 31-сола, ки аз соли 2013 довари дараҷаи байналмилалӣ мебошад, сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Саид Алинажодиёни 40-сола ва Алӣ Мирзобейгии 36-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Ҳайдари Паёми 29-сола вогузор шудааст. Аҳмад Яъқуб Муҳамаммад Ҷумъа аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Жаргал Суҳбаатар аз Муғулистон комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Агар дастаи «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)

Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG